Падари Мирсаидов: «Писарам худро гунаҳкор намешуморад»

Юлдошев, Asia-Plus

«Писарам худро гунаҳкор намешуморад», – изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Ҳабибулло Мирсаидов, падари роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов.

«Зимни дидорбиниҳо  дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ӯ мудом мегӯяд, ки меъёрҳои қонунгузории кишварро вайрон накардааст», – қайд кард Ҳабибулло Мирсаидов.

Ба гуфтаи падари рӯзноманигор, субҳи имрӯз низ ӯ бо писараш дидорбинӣ кардааст.

«Ӯ зикр мекунад, ки қонуншиканӣ накардааст ва худро гунаҳкор эътироф намекунад. Хайрулло қотеъона ба ҳамаи бандҳои айбномаи ба ӯ пешниҳодкарда розӣ нест», – гуфт ӯ.

Падари Хайрулло Мирсаидов ҳамчунин изҳор намуд, ки писараш аз шароитҳои нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ шикоят надорад.

Зимнан таъкид шуд, ки Хайрулло дақиқан санҷидани ҳамаи ба истилоҳ «ҳуҷҷатҳо»-и муқобили ӯ ҷамъшударо талаб дорад.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...