Коршинос: вазъ дар Эрон аз зери назорат намебарояд

Аваз Юлдошев

Сиёсатмадори маъруф ва журналист, профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки эътирозу бетартибиҳое, ки чанд рӯзи охир як қатор шаҳрҳои бузурги Эронро фаро гирифтаанд, минбаъд идома наёфта, ба наздикӣ ҳукуматдорон тартибу низом дар кишварро барқарор мекунанд.

Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумати вақти Эрон аз тамоми имконоти доштааш, аз ҷумла барои фурӯ нишонидани эътирозҳои оммавии аҳолӣ, ки дар баробари талаботи иқтисодӣ шиорпартоиҳои сиёсӣ низ мекунанд, аз нерӯ низ истифода кунад.

«Теҳрони расмӣ аллакай изҳор намуд, ки эътирозҳои ҳозира дар Эрон аз ҷониби Вашингтон ва иттифоқчиёнаш роҳандозӣ гардида, баҳри интиқом аз Эрон барои дастгирии Фаластин аст. Ин изҳорот ба ҳукумат ва ҷонибдоронаш барои рафтори шадид ҳуқуқ медиҳад», – гуфт коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният дар бораи таҳаввулоти Эрон шуда, бо қироати постҳои эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мӯътаризон гуфтааст, иддаои Эрон дар бораи инки эътирозҳои ин кишвар аз сӯи қудратҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шудааст, "хандаовар" мебошад.

Гуфта мешавад, эътирозҳои кунунии Эрон рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр аз шаҳри Машҳад оғоз шуд ва ба шаҳрҳои дигари Эрон — аз Кирмоншоҳ гирифта дар Ғарби Эрон то Исфаҳон, Ҳамадон, Язд, Теҳрон ва ҳатто шаҳрҳои хурд сироят кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар эътирозҳои рӯзҳои ахир дар Эрон беш аз 20 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти Эрон ҳамчунин аз боздошти беш аз 450 нафари дигар дар шаҳрҳои мухталифи Эрон хабар додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...