Дар консерти хайрия барои кӯдакони гирифтори бемории саратон 21,5 ҳазор сомонӣ ҷамъ шуд

Дар консерти хайрия, ки бо иштироки бисёре аз ситораҳои эстрадаи тоҷик доир гардид, 21,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, ин пулҳо барои кумак ба кӯдакони гирифтори бемориии саратон равона мегарданд. «Мо тасмим гирифтем, ки қисмате аз ин пулҳоро барои муолиҷаи Озода Манноноваи 16-сола ва ҳамчунин писарбача Илёс ё духтарча Лайло медиҳем», – хабар дод ба […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар консерти хайрия, ки бо иштироки бисёре аз ситораҳои эстрадаи тоҷик доир гардид, 21,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, ин пулҳо барои кумак ба кӯдакони гирифтори бемориии саратон равона мегарданд.

«Мо тасмим гирифтем, ки қисмате аз ин пулҳоро барои муолиҷаи Озода Манноноваи 16-сола ва ҳамчунин писарбача Илёс ё духтарча Лайло медиҳем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази продюсерии «Шоира», яке аз барпокунандагони консерт Шоираи Раҳимҷон. – Ҳарчанд маблағи аз консерт ҷамъшуда зиёд набошад ҳам, ба ҳар ҳол, ин як ёриву дастгирӣ ба чунин кӯдакон мешавад».

Ёдрас мекунем, ки баргузории консерт ба хотири ҷамъоварии маблағ барои муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов, писарчаи овозхони шинохта Дилноза Каримова ба нақша гирифта шуда, вале санаи 31 декабр ӯ дар дармонгоҳи Ҳиндустон ба ҳалокат расид.

Баъди ин ҳодиса тасмим гирифта шуд, ки бо вуҷуди ин, консерт доир гардида, маблағи пулии аз он ҷамъшуда барои кумак ба дигар кӯдакони ба муолиҷа ниёзманд дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.