Гумонбарии ҷавони душанбегӣ ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Date:

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда бо мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар дар бинои “Армуғон”, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ҶДММ “Меҳр-2017”-ро ташкил намуда, ба ҳайси роҳбар фаъолият кардааст.

Гуфта мешавад, сипас ғайриқонунӣ бе доштани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз шаҳрвандон: зани 32-сола ва ду марди 25 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор ба миқдори 11 ҳазор доллар пул гирифта, бо номбурдагон барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо фиристонидан шартномаҳои хаттӣ бастааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...