Ҳабси собиқ президенти Эрон барои дастгирии тазоҳурот, вале писараш рад мекунад

Собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран дар шаҳри Шероз бо мувофиқати раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастгир шудааст ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба нашрияи "Ал-Қудс-ал-Арабӣ”, Маҳмуди Аҳмадинажод барои даъвати мардум ба эътирозҳо боздошт шудааст. Кай дастгир шудани ӯ маълум нест. Гуфта […]

Собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран дар шаҳри Шероз бо мувофиқати раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастгир шудааст ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба нашрияи "Ал-Қудс-ал-Арабӣ”, Маҳмуди Аҳмадинажод барои даъвати мардум ба эътирозҳо боздошт шудааст. Кай дастгир шудани ӯ маълум нест.

Гуфта мешавад, Аҳмадинажод рӯзи 28 декабр дар Бушаҳр мансабдорони ҳукумати Эронро ба он айбдор кардааст, ки аз мушкилоти мардум хеле дур шудаанд ва аҳволи воқеиро намедонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти расмии Эрон то ҳол хабари боздошти Маҳмуди Аҳмадинажодро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Алиризо Муҳтоҷӣ дар твиттери худ дар ин робита навиштааст, ки бо писари Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯ карда, ӯ боздошт палдарашро рад кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.