Ҳалокати муҳоҷири тоҷик зери чархи автомашинаи корманди пулиси Маскав

Дар километри 41-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав (МКАД) автомашинаи тамғаи Mazda 3 таҳти идораи корманди 26-солаи пулис муҳоҷири 20-солаи тоҷикро, ки аз роҳ давида мегузашт, пахш намуд. Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, муҳоҷир роҳро дар ҷойи барои гузаштан манъшуда убур карда, зери чархи автомашина мемонад ва аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. […]

Asia-Plus

Дар километри 41-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав (МКАД) автомашинаи тамғаи Mazda 3 таҳти идораи корманди 26-солаи пулис муҳоҷири 20-солаи тоҷикро, ки аз роҳ давида мегузашт, пахш намуд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, муҳоҷир роҳро дар ҷойи барои гузаштан манъшуда убур карда, зери чархи автомашина мемонад ва аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, зери чанбараки автомашинаи Mazda 3 корманди пулиси шуъбаи ВКД-и «Троитский» қарор дошта, замони рух додани ҳодиса уҳдадориҳои хизматиро адо намекардааст. Ташхис нишон додааст, ки ронанда шароб истеъмол накарда, қоидаи ҳаракат дар роҳро ҷабрдида риоя накардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» ҳамдиёронамон аз Маскав хабар доданд, ҳалокшуда зодаи шаҳри Турсунзода Искандар Юлдошев, соли таваллудаш 1997 мебошад. Айни замон муҳоҷирони муқими Маскав барои ба ватан фиристодани ҷасади ӯ пул ҷамъ мекунанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.