Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд: Об кардани яхи 20-сола осон набошад ҳам, вале зарур аст

Аваз Юлдошев

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд изҳор дошт, ки Ӯзбекистон муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо Тоҷикистонро барқарор хоҳад кард, зеро «ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад». Дар ин бора барномаҳои иттилоотии шабакаҳои давлатии телевизиони ин кишвар хабар доданд.

Президенти Ӯзбекистон қайд кардааст, ки ба наздикӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафта, дар ҷараёни он ҷонибҳо созишномаҳои зиёдеро ба имзо мерасонанд.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, барои омодагии сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзҳои наздик ба Душанбе меравад.

«Мо созишномаҳои зиёд баимзо мерасонем, алоқаи роҳи оҳан ва низоми ягонаи энергетикиро барқарор намуда, бисёр масъалаҳои дигарро низ баррасӣ хоҳем кард», – изҳор доштааст президенти кишвари ҳамсоя.

Ӯ зикр кардааст, ки «вақте ки муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо беҳбудӣ мехоҳанд, роҳандозии ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷи дур мушкилтар мешавад». «Мо ҳама мирандаем ва набояд фаромӯш кард, ки ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад», – гуфтааст Мирзиёев.

Дар идома ӯ илова кардааст, ки Ӯзбекистон муносибатҳояш бо ҳамсоякишварҳоро беҳтар хоҳад кард: «Ҳарчанд об кардани яхи 20-сола осон набошад ҳам, вале зарур аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...