Боз як бозигари «Истиқлол» ба хориҷи кишвар даъват шуд

Нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷаҳонгир Алиев ба ҳайати тими «Насаф»-и Қаршӣ даъват шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тими «Насаф»-и Қаршӣ соли гузашта дар мусобиқоти Лигаи олии футболи Ӯзбекистон зинаи дуюмро ишғол кард. Гуфта мешавад, айни замон Ҷаҳонгир Алиев дар ихтиёри дастаи «Насаф» қарор дошта, аз озмоиш мегузарад ва аллакай дар тамринҳои […]

Нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷаҳонгир Алиев ба ҳайати тими «Насаф»-и Қаршӣ даъват шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тими «Насаф»-и Қаршӣ соли гузашта дар мусобиқоти Лигаи олии футболи Ӯзбекистон зинаи дуюмро ишғол кард.

Гуфта мешавад, айни замон Ҷаҳонгир Алиев дар ихтиёри дастаи «Насаф» қарор дошта, аз озмоиш мегузарад ва аллакай дар тамринҳои ҳайати дастаи наваш якчанд маротиба иштирок кардааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Ҷаҳонгир Алиеви 21-сола дар дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров (солҳои 2012 ва 2014) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (солҳои 2013 ва 2015) бозӣ карда, аз соли 2016 дар дастаи “Истиқлол” ба ҳайси нимҳимоятгар ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон низ бозӣ карда, феълан узви тими миллии кишвар мебошад.

Зикр мегардад, ки қаблан се бозигари дигари “Истиқлол” ва тими мунтахаби миллии ҷумҳурӣ – Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев – барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Индонезия бо бошгоҳҳои ин кишвар қарордоди яксола ба имзо расонида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.