Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе меояд

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари дурӯзаи корӣ (10-11январ) ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Зимни сафари сарвазири Ӯзбекистон дидору гуфтушунидҳои ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар назар аст. Зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо шахсони расмии Тоҷикистон масъалаҳои омодагии […]

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари дурӯзаи корӣ (10-11январ) ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Зимни сафари сарвазири Ӯзбекистон дидору гуфтушунидҳои ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо шахсони расмии Тоҷикистон масъалаҳои омодагии сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки аввали фасли баҳор дар назар аст, баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни сафари Орипов ба Душанбе атрофи масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, суръат бахшидан ба ҳаллу фасли масъалаи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳснок дар сарҳади давлатии кишварҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.