Тасдиқи қатъи муваққатии Viber дар қаламрави Тоҷикистон

Айни замон зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ барои корбарон дар дохили Тоҷикистон дастрас шуд. Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, ки қатъи дастрасӣ ба мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ ба носозии глобалӣ дар кори худи Viber вобаста набуда, ба мушкилоти техникӣ дар дохили қаламрави Тоҷикистон марбут будааст. «Баъди аз ҷониби васоити ахбори умум […]

Айни замон зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ барои корбарон дар дохили Тоҷикистон дастрас шуд.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, ки қатъи дастрасӣ ба мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ ба носозии глобалӣ дар кори худи Viber вобаста набуда, ба мушкилоти техникӣ дар дохили қаламрави Тоҷикистон марбут будааст.

«Баъди аз ҷониби васоити ахбори умум интишор шудани маълумот дар бораи қатъи дастрасӣ ба зангҳои аудио ё видеоӣ дар Viber, мо хатҳои худро санҷидем ва маълум шуд, ки ҳақиқатан ҳам мушкилоти техникӣ ҷой доштааст, – гуфт як манбаъ дар Хадамоти алоқа. – Мо ин камбудиро бартараф намудем ва акнун боз зангҳо тариқи Viber барқарор шуданд».

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки зангҳои аудио ё зангҳои видеоӣ тариқи Viber танҳо бо он хатҳое интернет дастнорас буданд, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) онро аз оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком» мегирифтанд. Алоқа тавассути Viber бо хатҳои интернети мустақили ширкатҳо қисман доимо дастрас буд.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта корбарони мессенҷери Viber хабар доданд, ки тариқи ин барнома зангҳои аудио  ё видеоӣ анҷом дода наметавонанд ва маълумот танҳо ба воситаи матн фиристода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.