Маҳдудияти зиёрати зиёрати дуюмбораи Хонаи Худо ба сокинони Ӯзбекистон

Мақомоти Ӯзбекистон зиёрати дуюмбораи Хонаи Худоро барои сокинони худ маҳдуд ва талаботи нави интихоби зоирони ояндаро муайян карданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба қарори Девони вазирони ин кишвар, минбаъд шахсоне дар маросими ҳаҷ иштирок мекунанд, ки қаблан Хонаи Худоро зиёрат накардаанд. Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳаҷҷи умра барои шаҳрвандоне мумкин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Ӯзбекистон зиёрати дуюмбораи Хонаи Худоро барои сокинони худ маҳдуд ва талаботи нави интихоби зоирони ояндаро муайян карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба қарори Девони вазирони ин кишвар, минбаъд шахсоне дар маросими ҳаҷ иштирок мекунанд, ки қаблан Хонаи Худоро зиёрат накардаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳаҷҷи умра барои шаҳрвандоне мумкин хоҳад буд, ки тайи ду соли охир онро анҷом надодаанд ё бори охир 5 сол пеш ҳаҷ кардаанд.

Дар шарҳи қарор гуфта шудааст, аз ин ба баъд зоирони ояндаи ӯзбекро гуруҳи махсуси корие интихоб хоҳад кард, ки ба ҳайати он имом-хатиби ноҳия, имому раиси маҳалла ва мушовир оид ба таҳсилоти динӣ ва маънавӣ шомиланд.

Ибтидои моҳи декабри соли гузашта Идораи мусулмонони Ӯзбекистон низ талаботи иштирок дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Бар пояи фатвои нави ин ниҳод, минбаъд шаҳрвандоне ба зиёрати Хонаи Худо сафарбар хоҳанд шуд, ки "дар маҳаллаҳои худ маъруфу намуна ҳастанд".

Ӯзбекистон, ки дорои 32 миллион аҳолӣ аст, ҳақ дорад, ҳамасола дасти кам 20 ҳазор сокини худро барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ фиристад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.