Боздошти ҷавонону ноболиғон дар пойтахт зимни рейди шабона

Asia-Plus

Кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ноҳия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ рейди шабона гузарониданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон андешида шуд, нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар […]

Кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ноҳия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ рейди шабона гузарониданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон андешида шуд, нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар бевақтии шаб, дур аз хонаву наздикон ба корҳои беҳудаи зараровар машғул шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин чорабинии мақсадноки шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерие, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият менамоянд, як гурӯҳ ҷавонон ва 3 нафар ноболиғон, ки таътили зимистонаашонро дар чунин маконҳои барои ояндаашон зараровар мегузарониданд, боздошт ва ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд.

Дар робита ба ин ҳолат бо дастгиршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нисбати он волидоне, ки талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Зикр мегардад, ки мақомоти милитсия, аз ҷумла кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор минбаъд низ чунин чорабиниҳои пешгирикунандаро ҷиҳати таъмин намудани иҷроиши талаботи Қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи маориф» пайваста мегузаронанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.