Остонаро саросар бӯрони барфӣ фаро гирифт (аксу видео)

Пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остонаро шаби гузашта саросар бӯронӣ барфӣ фаро гирифта, шамоли хеле сахт ҳукмфармост. Тавре CA-News хабар медиҳад, дар ин шароити хеле номусоиди обуҳаво ҳаракати ҳама гуна навъи автомашинаҳо дар роҳҳо манъ шудааст. Ҳамчунин бо сабаби номусоидии обуҳаво ба хотири  таъмини бехатарии парвозҳо фрудгоҳи байнулмилалии «Нурсултон Назарбоев» низ баста шудааст. Барои тозакунии роҳҳо […]

CA-News

Пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остонаро шаби гузашта саросар бӯронӣ барфӣ фаро гирифта, шамоли хеле сахт ҳукмфармост.

Тавре CA-News хабар медиҳад, дар ин шароити хеле номусоиди обуҳаво ҳаракати ҳама гуна навъи автомашинаҳо дар роҳҳо манъ шудааст.

Ҳамчунин бо сабаби номусоидии обуҳаво ба хотири  таъмини бехатарии парвозҳо фрудгоҳи байнулмилалии «Нурсултон Назарбоев» низ баста шудааст.

Барои тозакунии роҳҳо аз барф 1345 адад техника сафарбар шуда, давоми як шабонарӯз аз Остона 34 227 метри мукаааб барф бароварда шудааст.

Ғайр аз ин, 1888 нафар кормандони идораи истифодабарии роҳ низ дар тозакунии роҳҳо аз барф машғуланд. Як микрорайони пойтахт бебарқ мондааст.

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Остона иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ба ҳушёриву боэҳтиётӣ даъват мекунанд.

Ҳокими шаҳри Остона Асет Икекешев аз сокинони шаҳр даъват кардааст, ки бидуни зарурат ба кӯчаҳои шаҳр набароянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.