Созиши Душанбеву Тошканд дар масъалаҳои раводиду сарҳад

Наим Халимов

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи раводид ва ҳаллу фасли қитъаи баҳсноки сарҳад – сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод ба мувофиқа расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, тибқи созиши ҳосилшуда ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» санади нав ба имзо мерасонанд, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як […]

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи раводид ва ҳаллу фасли қитъаи баҳсноки сарҳад – сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод ба мувофиқа расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, тибқи созиши ҳосилшуда ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» санади нав ба имзо мерасонанд, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як моҳ дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳузур дошта метавонанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин нияти ояндаи наздик боз кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар ва автобусҳо, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади давлатии кишварҳоро низ тасдиқ намудаанд.

Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

«Ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ доир гардиданд, пурсамару пурмазмун ва умедбахш сурат гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаҳо маҷмӯи васеи масъалаҳо ва дурнамои рушди муносибатҳо байни кишварҳо баррасӣ шуданд.

«Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаҳо ба вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар дастур дода шуд, ки ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, савдо, иқтисод ва масъалаи сарҳад оғоз кунанд», – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои зикршуда зимни сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе аввали баҳори соли равон интизорӣ меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.