Боздошти фурӯшандаи фиребгар дар шаҳри Турсунзода

Asia-Plus

Кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкорро ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда, бо мақсади фурӯш ба ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулотҳои сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда, ба миқдори 50-адад маҳсулоти сохтмонии “Шпаклёвка”, тамғаи […]

Кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкорро ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда, бо мақсади фурӯш ба ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулотҳои сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда, ба миқдори 50-адад маҳсулоти сохтмонии “Шпаклёвка”, тамғаи “Адинекс МК” ва 10-адад “Родбанд-Элемент”, ҷамъ ба маблағи умумии 1500-сомонӣ фурӯхтааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи ташхиси Институти кимиёвии ба номи “В.И.Никитина”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳсулотҳои сохтмонии мазкур ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.