Зинда ба зинда сӯхтани 52 нафар ӯзбекистонӣ дар автобус

Дар роҳи мошингарди Самара – Чимкент дар вилояти Актюбински Қазоқистон автобус оташ гирифта, 52 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳалок шудаанд, хабар медиҳад Агентии «Казинформ» бо истинод ба ниҳоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақа. Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари ин ҳодиса 52 нафар ҳалок шуда, ба панҷ нафар мусофирон муяссар шудааст, ки аз дохили автобус берун раванд. Хабаргузории […]

Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Самара – Чимкент дар вилояти Актюбински Қазоқистон автобус оташ гирифта, 52 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳалок шудаанд, хабар медиҳад Агентии «Казинформ» бо истинод ба ниҳоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақа.

Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари ин ҳодиса 52 нафар ҳалок шуда, ба панҷ нафар мусофирон муяссар шудааст, ки аз дохили автобус берун раванд.

Хабаргузории «Интефакс» менависад, субҳи имрӯз зимни ҳаракат дар километри 1068-уми роҳи мошингард автобуси тамғаи «Икарус» оташ гирифтааст, ки дар дохили он 55 нафар мусофирон ва 2 ронанда қарор доштаанд.

Гуфта мешавад, кормандони маркази тибии ҳолатҳои фавқулодаи хадамоти оташнишонии маҳаллӣ ва равоншиносон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, дар депатаменти ҳолатҳои фавқулода ситоди фаврӣ ташкил шудааст.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки миёни фавтидагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

«Мо бо сафорати Тоҷикистон дар Қазоқиситон ва Куммитаи ҳолатҳи фавқулодаи Қахзоқистон дар тамос шуда, онҳо хабар доданд, ки дар ин автобус шаҳрвандони мо ҳузур надоштаанд», – иброз дошт ӯ.

https://www.youtube.com/watch?v=wZXANyTqFjU

 

https://www.youtube.com/watch?v=DJeZcJfbhUk

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.