Ҳалокати 14 нафар хориҷиён дар Афғонистон зимни ҳамла ба меҳмонхона

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон тасдиқ намудааст, ки дар Кобул бар асари ҳамла ба меҳмонхона 18 нафар, аз ҷумла, 14 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қурбон шуданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Kam Air» изҳор намудааст, ки ҳангоми ҳамла 11 нафар кормандони хориҷӣ ҳалок гардида, 9 каси дигар бедарак шудаанд. […]

АМИТ «Ховар»

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон тасдиқ намудааст, ки дар Кобул бар асари ҳамла ба меҳмонхона 18 нафар, аз ҷумла, 14 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қурбон шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Kam Air» изҳор намудааст, ки ҳангоми ҳамла 11 нафар кормандони хориҷӣ ҳалок гардида, 9 каси дигар бедарак шудаанд. Намояндаи ширкат илова намудааст, ки миёни шаҳрвандони хориҷии қурбоншуда шаҳрвандони Украина ва Венесуэла ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ, шабакаи телевизиони «Тolo News» гузориш додааст, ки бар асари ҳамлае, ки тақрибан 18 соат давом ёфт, 43 нафар ҳалок гардиданд. Аммо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон марги танҳо 18 нафарро тасдиқ кардааст.

Бино ба гузориши шабакаи телевизиони мазкур, масъулияти ин ҳамларо ҳаракати ифротии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифтааст.

Шоми рӯзи шанбе ҷангиёни мусаллаҳ ба меҳмонхонаи «Intercontinental Hotel» ҳамла карданд, ки дар маҷмӯъ ба 126 нафар, аз ҷумла, 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ муяссар гардид, ки раҳо ёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.