Сафари расмии Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аввали моҳи оянда (1-2 феврал) бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Дар назар аст, ки зимни сафари сарвари давлати ҳамсоякишвар ва дидору гуфтушуниди ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории давлатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амният, нақлиёту энергетика, амалисозии лоиҳаҳои […]

Аваз Юлдошев

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аввали моҳи оянда (1-2 феврал) бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки зимни сафари сарвари давлати ҳамсоякишвар ва дидору гуфтушуниди ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории давлатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амният, нақлиёту энергетика, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар заминаи қарордодҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ – СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СААД баррасӣ мешаванд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба масоили анҷоми таъйину аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо, амалисозии лоиҳаи CASA-1000, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Сооронбой Жээнбеков моҳи октябри соли гузашта президенти Қирғизистон интихоб шуда, сафари расмиаш ба Душанбе нахустин сафари расмии роҳбари давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли равон мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.