ВКХ худдорӣ аз сафар ба Қазоқистонро тавсия медиҳад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки то мусоид шудани обуҳаво дар Қазоқистон, аз сафар тариқи нақлиёти заминӣ ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи вазорат қайд мешавад, ки бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони  […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки то мусоид шудани обуҳаво дар Қазоқистон, аз сафар тариқи нақлиёти заминӣ ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи вазорат қайд мешавад, ки бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони  Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Tengrinews.kz иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабаби то 45 дараҷа хунук шудани обуҳаво, аҳолии чанде аз вилоятҳо аз тӯфон огоҳ карда шудаанд.

Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 22-26 январ дар як қатор вилоятҳои Қазоқистон обуҳаво то 45 дараҷа хунук шуда, аз аҳолӣ дархост шудааст, ки бо тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба тарзи рафтор дар ин ҳолатҳо шинос шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.