Айбдоркунии ситораҳои эстрадаи тоҷик ба саркашӣ аз пардохти андоз

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон беш аз 100 нафар сарояндагонро ба саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор медонад. Сарояндагӣ дар тӯй ва ҷашнҳо фаъолияти инифродии соҳибкорӣ шуморида шуда, бо гирифтани патент амалӣ мешавад. Бисёре аз сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон чунин патент надоштаанд. Ҳамин тариқ, ба ин рӯйхати «сиёҳ» Кумитаи андоз ҳунармандонеро дохил кардааст, ки умуман маблағи андозро […]

Asia-Plus

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон беш аз 100 нафар сарояндагонро ба саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор медонад.

Сарояндагӣ дар тӯй ва ҷашнҳо фаъолияти инифродии соҳибкорӣ шуморида шуда, бо гирифтани патент амалӣ мешавад. Бисёре аз сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон чунин патент надоштаанд.

Ҳамин тариқ, ба ин рӯйхати «сиёҳ» Кумитаи андоз ҳунармандонеро дохил кардааст, ки умуман маблағи андозро пардохт намекунанд.

«Аксарияти ҳунармандон бино бар маърифати пасти андозсупориашон бо баҳонаҳои фаъолият намудан дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, роҳбарӣ намудани гурӯҳҳои алоҳидаи фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок намудан дар чорабиниҳои давлатӣ аз гирифтани ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ худдорӣ намуда, бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул мебошанд», – омадааст дар маълумоти Кумитаи андоз.

Ба ин рӯйхати иборат аз 102 сароянда, аз овозхонҳои нисбатан маъруф Нобовар Чаноров, Шабнами Сурайё, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Фирӯза Ҳафизова, Зафар Аюбов ва дигарон шомил шудаанд.

Мувофиқи номгӯи навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ, ки бар асоси патент амалӣ мешаванд, ҳаҷми моҳонаи патент барои сарояндаҳо дар ҷашну тӯйҳо 540 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад дар маълумоти Кумита, нархи хизматрасонии ситораҳои эстрадаи тоҷик барои баргузории як тӯйи арӯсӣ имрӯзҳо аз 1000 то 5000 доллари ИМА ва зиёда аз онро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми даромади умумии чунин сарояндагон дар амал дар як соли тақвимӣ аз ҳадди муқарраршуда (100 ҳазор сомонӣ) зиёд мебошад.

Ғайр аз ин, дар рӯйхати дигари Кумитаи андоз сарояндагоне зикр шудаанд, ки саривақт ва дар ҳаҷми нопурра уҳдадориҳои пардохти андозро иҷро мекунанд. Ба ин саф овозхонҳои маъруф дар кишвар, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Меҳринигори Рустам, Сироҷиддин Фозилова, Суруш Холов, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсупова, Сарвиноз Юсуфӣ ва дигарон шомил гардидаанд.

«Дар баробари ин, сароянда Баҳроми Ғафурӣ аз моҳи майи соли 2014 то инҷониб умуман ба мақомоти андоз ҳисоботҳои андозии худро пешниҳод накардааст», – қайд мекунанд дар Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, дар Феҳристи ягонаи давлатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба аввали соли ҷорӣ дар мақомоти ҳудудии андоз 1 ҳазору 512 нафар  аз рӯи намуди фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, хизматрасониҳои мусиқавӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва банаворгирии ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ин шумор 256 нафар ба сифати сароянда ва 503 нафар навозанда, раққос ва баранда зикр шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.