Гумрукчиён боз аз уҳдаи иҷрои нақша набаромаданд

Дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 80 млн. сомонӣ (зиёда аз 9 млн. доллар) камтар маблағ ворид шуд. Соли 2017 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ каме бештар аз 4,4 млрд. сомонӣ маблағ равона шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 2,2 фоиз камтар аст. «Сабаби асосии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 80 млн. сомонӣ (зиёда аз 9 млн. доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Соли 2017 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ каме бештар аз 4,4 млрд. сомонӣ маблағ равона шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 2,2 фоиз камтар аст.

«Сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи соли 2017 коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ, бахусус камшавии воридоти молу маҳсулоти андозбандишаванда аст», – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 3 млрд. 758,3 млн. долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо нишондиҳадаи соли 2017 ба миқдори 172,8 млн. доллар ё худ 4 фоиз камтар мебошад.

Соли гузашта ба маблағи умумии 2 млрд. 774 млн. доллар молу маҳсулот ба кишвар ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 257,3 млн. доллар ё худ 8 фоиз камтар аст.

Ба гуфтаи Азим Турсунзода, сабаби дигари иҷро нашудани нақша дар пешниҳоди имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ ба воридкунандагони технология ва таҷҳизоти истеҳсолӣ ифода меёбад.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки дар худи ҷумҳурӣ низ истеҳсоли баъзе молу маҳсулот ба роҳ монда шуда, ин ба камшавии талабот ба воридоти он аз дигар кишварҳо боис гардид.

Муовини сардори хадамот боз як қатор омилҳои иҷро нашудани нақшаро низ номбар кард, аз ҷумла фаъолияти мавсимии гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистону Чин, мушкилоти транзити бор тариқи қаламрави Афғонистон бинобар сабаби ноором будани вазъ дар ин кишвар, қочоқи маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт аз Қирғизистон ва ғайра.

Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон муддати се сол аст, ки иҷро намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.