Манъи воридоти автомобилҳои истеҳсоли то соли 2005 ба Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки масъалаи манъи воридоти нақлиёти автомобилии истеҳсоли то соли 2005-ро барррасӣ кунанд. Муовини сардори Хадамоти гмруки Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни ншасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Сарвари давлат аз зиёни беҳад зиёди автомобилҳои кӯҳна ба вазъи экологӣ ва пурбору пурҳаракат будани роҳҳои кишвар нигарон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки масъалаи манъи воридоти нақлиёти автомобилии истеҳсоли то соли 2005-ро барррасӣ кунанд.

Муовини сардори Хадамоти гмруки Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни ншасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Сарвари давлат аз зиёни беҳад зиёди автомобилҳои кӯҳна ба вазъи экологӣ ва пурбору пурҳаракат будани роҳҳои кишвар нигарон аст.

Зимнан зикр гардид, ки масъалаи мазкур айни замон мавриди омӯзишу баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш, рӯзи 25 январ сардори яке аз шуъбаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саидусмон Судуров ба рӯзноманигрон иттилоъ дод, ки воридоти воситаҳои нақлиёти бароришаш то соли 2005 ба ҷумҳурӣ манъ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба омӯзишу таҳлили ин масъала гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, лоиҳаи дахлдор ба баррасии ҳукумат пешниҳод ва дар сурати аз маъқул шуморида шудани он, аз 1 апрели соли ҷорӣ воридоти автомобилҳои истеҳсоли то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад.

«Ин тасмим баҳри таъмини амнияти экологӣ роҳандозӣ мешавад, зеро автомобилҳои кӯҳна ҳаворо ифлос мекунанд, бахусус ин вазъ дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои бузурги аҳолининишин аён аст», – гуфтааст Судуров.

Дар шарҳи масъала номбурда ҳамчунин изҳор намудааст, ки «агар партовҳои корхонаҳо дар як баландии муайян бароварда шаванд, пас баландии партовҳои зиёновари автомобилҳо аз 50 то 150 сантиметрро ташкил медиҳад, яъне одамон аз он бар зарари худ нафас мекашанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.