Арзи сипоси вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ҳамтои ӯзбеки худ

Дар барномаи ҷамъбастии Сирки давлатии Ӯзбекистон дар саҳнаи Сирки давлатии ҷумҳурӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба меҳмонони ӯзбек изҳори сипос намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, Орумбекзода ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баҳои мусбат дода, иброз дошт, ки ҳамаи ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар ба даст […]

Asia-Plus

Дар барномаи ҷамъбастии Сирки давлатии Ӯзбекистон дар саҳнаи Сирки давлатии ҷумҳурӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба меҳмонони ӯзбек изҳори сипос намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, Орумбекзода ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баҳои мусбат дода, иброз дошт, ки ҳамаи ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар ба даст омадааст.

«Имрӯз санъати сиркӣ барои амалӣ гардонидани сиёсати дарҳои боз ҳиссаи худро гузошта истодааст», – зикр намуд вазири фарҳанг.

Гуфта мешавад, сипас Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос ба вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоевро ба ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон супорид.

Ҳамчунин номаи сипос аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба номи аҳли эҷоди Сирки давлатии Ӯзбекистон ба директори гурӯҳи эҷодии Сирки давлатии Ӯзбекистон Нарзинисо Алиева, ки Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон аст, супорида шуд.

Роҳбари Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов ба ҳамаи 12 нафар ҳунарпешагони Сирки давлатии Ӯзбекистон, ки тӯли як моҳ дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд, ифтихорнома супорид. Инчунин ҳамаи меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва армуғони тоҷикӣ қадр карда шуданд.

Хотиррасон мешавад, ки барномаҳои сиркии ҳунарпешаҳои ӯзбек аз 30 декабри соли 2017 то 29 январи соли 2018 намоиш дода шуданд. Барномаи ҷолибу шавқовари меҳмонон аз намоишҳои гимнастҳо бо лассо, гимнастҳо бо халқа, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда аз қабили сагча, пони, маймунча, оҳу ва саҳнаҳои пур аз ҳазлу шӯхӣ бо масхарабозон иборат буд, ки аз ҷониби тамошобини тоҷик хеле хуш пазируфта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.