Мошини журналистро пахшкарда суръати баланд дошт

Бар асари садамаи нақлиёти шоми рӯзи 30 январ назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) рӯзноманигор Галим Фасҳутдинов ҷон бохт. Автомашинаи хурди боркаши тамғаи «Дамас» таҳти идораи сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаев қарор дошт. Ӯ ба интиқоли бору маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯши пойтахт машғул буд. «Натиҷаҳои ташхис мавҷуд будани маводи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёти шоми рӯзи 30 январ назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) рӯзноманигор Галим Фасҳутдинов ҷон бохт.

Автомашинаи хурди боркаши тамғаи «Дамас» таҳти идораи сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаев қарор дошт. Ӯ ба интиқоли бору маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯши пойтахт машғул буд.

«Натиҷаҳои ташхис мавҷуд будани маводи манъшуда, аз ҷумла маводи мухаддир ва машруботро дар ҷисми ронанда ошкор накарданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон.

Рӯзноманигор ҳангоми бозгашт аз кор роҳро дар чароғаки сабз мегузаштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳангом автомашинае, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, саривақт онро боздошта натавониста, ӯро пахш кардааст.

«Аз рӯи далели марги журналист парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар доираи он боз баргузории якчанд ташхиси дигар зарур аст», – илова кард манбаъ.

Галим Фасхутдинов солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои охир ба сифати хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” кор мекард. Ҳамчунин узви фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд.

Маросими ҷанозаи ӯ нимаи аввали имрӯз баргузор мешавад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» аз марги ҳампешаи худ сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш ҳардардии амиқ изҳор мекунанд ва аз Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил металабанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.