«Тоҷик Эйр» асбобу анҷоми кӯҳнавардии сайёҳонро бепул интиқол медиҳад

Ба муносибати соли равон дар Тоҷикистон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Тоҷик Эйр» асбобу анҷоми кӯҳнавардии меҳмонони хориҷиро бепул ба кишвар интиқол медиҳад. Раиси ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов зимни ҷаласаи парлумони кишвар изҳор намуд, ки ғайр аз ин, соли ҷорӣ ширкат арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ барои гурӯҳҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба муносибати соли равон дар Тоҷикистон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Тоҷик Эйр» асбобу анҷоми кӯҳнавардии меҳмонони хориҷиро бепул ба кишвар интиқол медиҳад.

Раиси ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов зимни ҷаласаи парлумони кишвар изҳор намуд, ки ғайр аз ин, соли ҷорӣ ширкат арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ барои гурӯҳҳои сайёҳонро поин мебарад.

«Нархи билетҳо барои сайёҳоне, ки дар ҳайати гурӯҳҳо ба Тоҷикистн меоянд, ба андозаи 5-10 фоиз кам карда мешавад», – иброз дошт номбурда.

Имрӯз палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018», ки мувофиқи онҳо ҳавопаймоҳо, локомотив ва вагонҳои воридшуда ба кишвар аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд, ҷонибдорӣ намуд.

Хайрулло Раҳимов қайд кард, ки ширкати миллии ҳавопаймоӣ имсол 2 ҳавопаймо ва муддати панҷ соли минбаъда боз 8 ҳавопаймо дастрас карданист. «Айни замон дар парки ширкат ҳамагӣ 3 ҳавопаймои коршоям фаъолият доранд», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ муовини раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зикр намуд, ки соли 2020 аз 424 вагони мусофирбари имрӯз мавҷуда 384-тоаш аз эътибор соқит карда мешаванд.

Ӯ изҳори итминон кард, ки имтиёзҳои имрӯз ҷоришудаи андозӣ ба рушди соҳаи роҳи оҳани ҷумҳурӣ ва таъмини корхона бо локомотиву вагонҳои нав мусоидат менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.