Ширкати Чин дар «Пакрут» солона то 1,5 тонна тилло истихроҷ карданист

То охири соли равон ширкати «KrysoResourcesLimited»-и Чин дар кони «Пакрут» то 207 кило тилло истихроҷ карданист. Минбаъд истихроҷи тилло бояд то 1-1,5 тонна дар як сол расонида шавад. Директори ширкат Ли Ю зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки моҳи июл истихроҷи тилло дар кон оғоз мегардад. Палатаи поёнии парлумон созишномаи сармоягузориии моҳи апрели […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

То охири соли равон ширкати «KrysoResourcesLimited»-и Чин дар кони «Пакрут» то 207 кило тилло истихроҷ карданист. Минбаъд истихроҷи тилло бояд то 1-1,5 тонна дар як сол расонида шавад.

Директори ширкат Ли Ю зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки моҳи июл истихроҷи тилло дар кон оғоз мегардад.

Палатаи поёнии парлумон созишномаи сармоягузориии моҳи апрели соли равон баимзорасида байни ҳукумати Тоҷикистон, «KrysoResourcesLimited» ва ҶСК «Пакрут»-ро дар бораи коркарди кони «Пакрут» дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат тасдиқ намуд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, ҳамаи саҳмияҳои ҶСК «Пакрут» ба ҷониби Чин тааллуқ доранд.

Зимнан таъкид шуд, ки корҳои коркарди кони «Пакрут»-ро ширкати чинӣ ҳанӯз соли 2012 оғоз намуда, то имрӯз барои анҷоми ин корҳо беш аз 180 млн. доллар маблағ хароҷот шудааст ва боз ҷалби зиёда аз 76 млн. доллар низ дар назар аст.

Соли 20130 истихроҷи тилло аз рӯи ин лоиҳа бо розигии ҷонибҳо метавонад ба ихтиёри Тоҷикистон дода шавад.

Аз оғози кор ширкати чинӣ ба сифати андоз ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 230 млн. сомонӣ маблағ пардохт кардааст.

Ғайр аз ин, дар ҷойи амалисозии лоиҳа аз ҳисоби ширкат роҳу пул, хатҳои интиқоли барқ, корхонаи ғанисозӣ ва дигар иншооти зербиноӣ сохта шудааст.

Имрӯз дар амалисозии лоиҳа 480 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 120 нафар шаҳрвандони Чин кор мекунанд. Тибқи тавофуқи ҳосилшуда, минбаъд дар доираи амалисозии лоиҳа беш аз 2 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд, ки 20 фоизашро шаҳрвандони Чин ва 80 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Тамоми техникаву таҷҳизоте, ки баҳри амалисозии лоиҳа аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши илова ва боҷҳои гумрукӣ озоданд.

Мувофиқи қарордод, ширкати чинӣ уҳдадор мешавад, ки тиллои истихроҷшударо бо нархҳои ҷаҳонӣ ва танҳо пули миллӣ – сомонӣ ба Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон фурӯшад.

Ҳамаи андозҳоро аз тиллои истихроҷшуда ширкати Чин ба буҷети Тоҷикистон пардохт мекунад, ки ҳаҷми умумии он 40 фоиз аз фоидаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистн, захираҳои тилло дар кони «Пакрут» 160 тоннаро ташкил медиҳанд. Ҷониби Чин ҳаҷми захираҳоро наздики 40 тонна арзёбӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.