Имтиёзҳои пардохти андоз барои воридоти мошинҳои нави хориҷӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимнан барои воридоти автомашинаҳои нав имтиёзҳо аз пардохти андоз пешниҳод мешаванд. Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шудаанд, 50 фоиз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда мешаванд.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тағйироти дахлдор дар ин хусус ба Кодекси андоз санаи 7 феврал аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул ва ин иқдом бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли гузашта ба воридкунандагони автомашинаҳои хориҷӣ имтиёзҳо ҷорӣ шуда буданд: меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар 50 фоиз кам шуд.

Он замон автомашинаҳое нав шуморида мешуданд, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи умумии тайкардаашон аз 10 ҳазор километр зиёд набошад. Ин навгонӣ ба ҳама навъи нақлиёт – боркашу мусофирбар, сабукрав ва махсус дахл дошт.

Дар баробари имтиёзҳо, ҳафтаи оянда, аз 15 феврал воридоти автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад. Қарори ҳукумат дар ин бора 27 январи имсол ба имзо расида буд.

Зимни ҷаласаи васеи ҳукумат рӯзи 18 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор баррасии масъалаи воридоти автомашинаҳои кӯҳна ба ҷумҳуриро дастур дода, аз зиёни бузурги онҳо ба вазъи экологӣ ва сербору сермошин будани роҳҳои пойтахт нигаронӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.