Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов дароз шуд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон ва рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

«Муҳлат бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда дароз карда шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова.

Ёдрас мекунем, ки тафтиши парвандаи ҷиноии Мирсаидов ба дӯши прокуратураи вилояти Суғд вогузор шудааст. Айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Санаи 5 феврал муҳлати думоҳаи ҳабси пешакии ӯ ба итмом расид.

Қаблан Ғоибназарова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки айни замон ҳисоботҳои Мирсаидов тӯли се соли ахир мавриди санҷиш қарор гирифта, дар ин ҳуҷҷатҳо маълумоти молиявӣ кофӣ нест.

«Қаблан зикр гардида буд, ки тибқи фарзияи тафтишот, Хайрулло Мирсаидов беш аз 300 ҳазор сомониро дуздидааст, аммо рақами саҳеҳ баъди анҷоми санҷиш маълум мешавад», – илова карда буд сарёвари прокурори вилоят.

Рӯзи 26 январ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тафтиши парванди ҷиноӣ нисбати Мирсаидов зери муҳри махфӣ сурат нагирифта, бо анҷоми тафтишот прокуратура тафсилоти масъалаи мазкурро ба васоити ахбори умум пешниҳод хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.