Мурофиаи корманди ШВКД Хатлон барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Суди вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов баъди боздошти ӯ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ шурӯъ намуд.

Дар содир шудани ин ҷиноят назди суд лейтенанти калони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев ҷавоб мегӯяд, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316, қ. 3 КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста мешавад.

Маҳмадулло Идиев додани баёнот дар мурофиаро рад карда, изҳор дошт, ки «худро гунаҳкор намедонад ва нишондодҳои қаблан додаашро дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ тасдиқ мекунад».

Ба қавли шоҳиди мурофиа Ҳалимҷон Сайдуллоев, онҳо дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс аз Толибҷон Дӯстов 5 грамм маводи нашъаовари ҳашиш харида, ба дасти кормандони милиса Маҳмадулло Идиев ва боз як ҳамкори ӯ меафтанд.

«Онҳо моро лату кӯб карда, ба шуъба оварданд. Сипас аз мо 10 ҳазор сомонӣ талаб намуданд. Дӯстам Сайумрон, ки ӯ ҳам ҳамроҳи ман боздошт шуда буд, пешниҳод кард, ки барои пул ба хонаи онҳо равем, лекин кормандони милитсия рад карданд», – гуфт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки субҳи рӯзи дигар онҳо барои харидории маводи мухаддир ба назди Дӯстов рафта, кормандони милитсия ӯро ҳангоми хариду фурӯш дастгир ва Идиев як маротиба ба рӯи Дӯстов зарба мезанад.

«Сипас мо бо ду мошин ба ноҳияи Дӯстӣ раҳсипор гардида, дар роҳ касе гуфт, ки аҳволи Дӯстов бад шудааст. Ӯро ба бемористон ва маро ба шуъбаи милитсяи бурданд. Шомгоҳон Идиев ба ман гуфт, ки Толибҷон Дӯстов ҳалок ва суратҳояшро ба ман нишон дод», – гуфт шоҳиди мурофиа.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки танҳо баъди ин онҳо санад тартиб дода, онро бо камераи видеоӣ сабт карданд.

Ҳамчунин зимни мурофиаи судӣ дигар шоҳидон, аз ҷумла модари марҳум ва дӯсти ӯ низ бозпурсӣ шуданд.

Наздикони Толибҷон Дӯстов дар баёноти худ қайд карданд, ки вақте ҷасади ӯро меоранд, дар қисмати чапи рӯй ва қафаси синааш осори кабуди сиёҳиҳо дида мешуд. Суд то рӯзи 12 феврал танаффус эълон кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316 қисми 1 КҶ ҶТ пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии ҶТ вогузор шуд.

Наздикони Толибҷон Дӯстов исрор меварзанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд бо дастрасии моддаи 143 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиканҷа) оғоз карда мешуд.

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-ола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст.

Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июли соли гузашта дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон дар бемористони ноҳияи Қабодиён ҷасади ӯро дарёфт кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.