Заҳролудшавии 19 нафар аз орд дар Бадахшон ва ҳалокати 1 кӯдак

Аваз Юлдошев

Сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд.

Бино ба маълумоти котиби матбуотии раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, моҳи августи соли гузашта соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Тугози ҷамоати деҳоти Питуп Насриддин Сабзалиев аз минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба деҳа 5 тонна гандум оварда, ба сокинони маҳаллӣ мефурӯхтааст, ки онро дар осиёб орд мекардаанд.

Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд – гелиотроп (алафи бегона) мавҷуд будааст. Нахустин аломати заҳролудшавӣ аз орди ин гандум санаи 17 январ ба қайд гирифта шудааст: дар ин рӯз 5 узви оилаи Қурбонбеквоҳо – сокинони деҳаи Питупи ноҳияи Ишкошим ба бемористони вилоят оварда шуда, 31 январ кӯдаки 11-солаи ин оила вафот мекунад.

Бо аломатҳои захролудшавӣ айни замон 19 нафар, аз ҷумла 8 нафар кӯдакон дар бемористони вилоят бистарианд, ки вазъи 1 нафар аз кӯдакон вазнин аст.

Ба қавли Нилуфар Асламшоева гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассион аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.

Зимни ташхис дар ҷисми 60 нафар сокинони деҳаҳои Питуп ва Шитхарви ноҳияи Ишкошим тағйироти манфӣ ошкор шуда, он аз ривоҷи бемории марбут ба заҳролудшавӣ аз ғизо гувоҳӣ додааст.

«Ба ақидаи мутахассисони тиббӣ, аз эҳтимол дур нест, ки дар сокинони аз ин орд моҳҳои декабр ва январ истеъмолнамудаи ноҳия аломатҳои беморӣ фасли баҳор пайдо шаванд», – гуфт котиби матбуотии раиси вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки гандуми заҳролуд аз дасти аҳолӣ гирифта шуда, ба ивази он бо дастури раҳбарияти вилоят аз ҳисоби захираҳои Агентии захираҳои давлатии моддӣ орд дода шудааст.

Ҳамчунин соҳибкоре, ки ин гандумро аз вилояти Хатлон овардааст, ба сокинони деҳаи Питуп ба ивази гандуми гирифта 2,5 тонна орд додааст.

«Ба бемористони вилоят ҷиҳати муолиҷаи беморон тамоми дорувории зарурии тиббӣ оварда шуд», – илова кард Нилуфар Асламшоева.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...