Ҳалокати 71 нафар дар садамаи ҳавопаймои Ан-148 дар вилояти Маскав

Санаи 11 феврал ҳавопаймои Ан-148-и ширкати «Саратовские авиалинии», ки бо хатсайри Маскав – Орск парвоз мекард, ба садама дучор шуд. Нашрияи «Новая газета» менависад, ҳавопаймо нимаи дуюми рӯз аз фурудгоҳи Домодедово парвоз карда, баъди чанд дақиқа робита бо он қатъ ва аломати он аз радарҳо гум мешавад. Пораҳои ҳавопаймо дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав дарёфт […]

Наим Халимов

Санаи 11 феврал ҳавопаймои Ан-148-и ширкати «Саратовские авиалинии», ки бо хатсайри Маскав – Орск парвоз мекард, ба садама дучор шуд.

Нашрияи «Новая газета» менависад, ҳавопаймо нимаи дуюми рӯз аз фурудгоҳи Домодедово парвоз карда, баъди чанд дақиқа робита бо он қатъ ва аломати он аз радарҳо гум мешавад.

Пораҳои ҳавопаймо дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав дарёфт мегардад. Шоҳидон нақл кардаанд, ки дар вақти садама таркиши баландеро шунидаанд. Баъзе гуфтаанд, ҳавопаймо ҳанӯз дар ҳаво оташ гирифта буд.

Айни замон беш аз 20 дастаҳои наҷотдиҳандагон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд, ки шабонарӯзӣ кор мекунанд. Дар ҳавопаймо 65 нафар мусофирон, аз ҷумла 3 нафар кӯдакон ва 6 нафар ҳайати сарнишинони ҳавопаймо қарор доштанд, ки ҳамаашон ба ҳалокат расиданд.

Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов изҳор доштааст, ки шахсияти фавтидагон бо ёрии ташхиси генетикӣ муайян карда мешавад. Дар фурудгоҳи шаҳри Орск таҳти роҳбарии губернатори вилояти Оренбург ситоди фаврӣ амал мекунад. Ин ҷо пайвандону наздикони фавтидагонро қабул мекунанд. Мардум ба фурудгоҳ гул меоранд.

Баъди ин ҳодисаи фоҷеабор нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба таъсиси комиссияи рафъи оқибатҳои садама дастур дод, ки раҳбарии он ба дӯши вазири нақлиёт Максим Соколов вогузор шуд. Қарор қабул шудааст, ки ба оилаҳои фавтидагон дар ҳаҷми 2 млн. рубл ҷубронпулӣ пардохт мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.