Консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муносибати сафари Шавкат Мирзиёев

Дар давраи нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузории консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ мешавад, хабар дод як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Дар консерте, ки дар яке аз толорҳои бузурги консертии шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳунарнамоии […]

Наим Халимов

Дар давраи нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузории консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ мешавад, хабар дод як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар консерте, ки дар яке аз толорҳои бузурги консертии шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳунарнамоии сарояндагону мусиқачиёни маъруф ва ансамблҳои рақсии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.

Дар ин консерт сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, намояндагони ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нахустин сафари президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Душанбе моҳи июни соли 2000 дар толори маҷмааи «Кохи Борбад» консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар баргузор шуда буд.

Он замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ду сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов унвонҳои фахрии «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон»-ро тақдим карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.