Тоҷикистон ба Ӯзбекистон чӣ навъ маҳсулот фурӯхта метавонад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба Ӯзбекистон номгӯи маҳсулоти содиротии худро пешниҳод намуд, ки асосан аз ашёи хом иборат аст.

«Айни замон гурӯҳи кории ду кишвар дар самти роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши саноат амал карда, дар доираи он мо ба шариконамон номгӯи маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистонро пешниҳод намудем» – хабар дод зимни нишасти хабарӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин номгӯй аз ҷумла алюминии аввалия, маъдан, нахи пахта, нерӯи барқ, семент, чарми хом, пилла, нахи абрешим, матоъҳои гуногун, мева ва хушкмева, машрубот, қолинҳо ва ғайра дохил аст.

Вазири саноат қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қариб ба ҳаҷми воридот аз Ӯзбекистон баробар шудааст.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 82 фоиз афзуда, 126 млн. долларро ташкил дод.

Дар сохтори ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 69 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.