Миёни Душанбе ва Хуҷанд автобусҳо равуо мекунанд

Наим Халимов

Комиссияи махсуси байни мақомоти марбута имкони роҳандозии мусофиркашонӣ бо автобусҳо байни минтақаи ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Барои омӯзиши ин масъала комиссияи махсуси иборат аз намояндагон Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шуд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ роҳбари Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қурбоналӣ Хизиров.

Ӯ қайд кард, ки аъзои комиссияи зикршуда ҷиҳати санҷиши имконоти ифтитоҳи хатсайрҳо ба ин самт бо автобуси ширкати Asian Express Terminal аз Душанбе то Хуҷанд ва аз он ҷо боз ба пойтахт баргаштаанд.

«Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки баъзе мушкилот ҷой доранд ва барои мусофиркашонии бехатар тариқи автобусҳои нав онҳоро бартараф кардан лозим аст», – иброз дошт Хизиров, вале мушкилотро саҳеҳан номбар накарда, танҳо қайд кард, ки ин ҷо «масъалаи таъмини бехатарӣ» дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки натиҷаи санҷишҳо санадгузорӣ шуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта пешниҳод шудааст.

«Хатсайрҳои мунтазам аз Душанбе ба Хуҷанд баъди ҳаллу фасли ин мушкилот роҳандозӣ шуда, бовар дорам, ки хоҳишмадони сафар аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд бо автобусҳои муосир кофӣ хоҳад буд», – илова кард номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ифтитоҳи мактабу корхона ва ширкат дар ҷашни Наврӯз дар Мастчоҳ. Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар...

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...