Бинои нави таълимӣ барои муҳассилини факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ (аксҳо)

Asia-Plus

Имрӯз дар ҳузури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои нави таълимӣ аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

Гуфта мешавад, бинои факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ аз 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ошхона, ҷойи хоб барои таълимгирандагон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 инҷониб беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  фаъолият доранд.

Ҳамчунин имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12-ошёнаи иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои мазкур аз се қисм иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...