Барканда шудани «девори Каримов» дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар гузаргоҳи марзии Саразм – Ҷартеппа байни вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд девори маъруф миёни мардум ҳамчун «девори Каримов» барканда шуд. Хабаргузории Озодлик дар ин робита менависад, дар маросими баркандани девор ҳайатҳои сархадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Ин девор соли 2010 бо ташаббуси ҳукуматдорони ӯзбек сохта шуда буд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба хабаргузорӣ […]

Озодлик

Дар гузаргоҳи марзии Саразм – Ҷартеппа байни вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд девори маъруф миёни мардум ҳамчун «девори Каримов» барканда шуд.

Хабаргузории Озодлик дар ин робита менависад, дар маросими баркандани девор ҳайатҳои сархадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Ин девор соли 2010 бо ташаббуси ҳукуматдорони ӯзбек сохта шуда буд.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба хабаргузорӣ изҳор доштаанд, ки дар ин гузаргоҳ сохтмони терминал, меҳмонхона ва истгоҳҳои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Осим Ҷамолов, сокини деҳаи Саразми шаҳри Панҷакент, ки дар наздикии ин гузаргоҳ воқеъ аст, қайд кардааст, ки аҳолии маҳаллӣ бар ин назар аст, ки тағйирот дар сарҳад гувоҳи беҳбуди муносибатҳо байни ҳамсоякишварҳо мебошад.

– Қаблан мо ба минтақаҳои  кишвари ҳамсоя зиёд сафар мекардем ва маҳсулотро аз Самарқанд мехаридем, чунки маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд аз деҳоти мо хеле дур, дар масофаи 250 километр ҷойгир буда, масофа то Самарқанд бошад, ҳамагӣ 36 километрро ташкил медиҳад, – гуфтааст номбурда.

Як рӯзноманигор аз шаҳри Панҷакент изҳор доштааст, ки расми ифтитоҳи гузаргоҳи Саразм – Ҷартеппа нимаи моҳи оянда дар назар буда, айни замон дар Панҷакент ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд ва иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ пешбинӣ мешавад.

– Мегӯянд, ки дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Панҷакент сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок мекунанд ва маросими расмии гузаргоҳ низ бо ҳузури онҳо баргузор мешавад, – гуфтааст рӯзноманигори тоҷик.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола бо иштироки президент ҷашни Наврӯз расман дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон доир мегардад ва тибқи баъзе маълумот, имсол Наврӯз расман дар шаҳри Панҷакент ҷашн гирифта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи март сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар аст, ки дар ҷараёни он байни давлатҳо як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо мерасанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.