Тоҷикистон таъсиси Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии ОМ-ро маъқул донист

Палатаи поёнии парлумон имрӯз Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЕС)-ро, ки ҳанӯз соли 2014 дар Бишкек ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ намуд. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки ин созишнома ба таҳкими ҳамориҳои иқтисодӣ байни […]

Палатаи поёнии парлумон имрӯз Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЕС)-ро, ки ҳанӯз соли 2014 дар Бишкек ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ намуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки ин созишнома ба таҳкими ҳамориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои узви он нигаронида шудааст.

Созишнома аз ҷониби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ), Чин, Гурҷистон, Покистон, Муғулистон, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалии молӣ аз қабили Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки осиёгии рушд ба ғайра ба тасвиб расидааст.

Ҳадаф аз таъсиси Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баргузории таҳлили иқтисодӣ бо ҷалби олимони иқтисодшинос аз кишварҳои узви Созишнома унвон мешавад.

Ҳикматуллозода қайд кард, ки бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетикаву нақлиёт ва рушди тиҷорат дониста шуда, ба гунаи мисол, дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон 10 лоиҳа амалӣ шуда, боз 11 лоиҳаи дигар дар бахшҳои зикршуда мавриди амалисозӣ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, вазир мушаххасан дар бораи амалӣ шудани маҳз кадом лоиҳаҳо дар доираи Созишномаи зикршуда маълумот надод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.