Қатъи ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи Қарияи Боло ба муҳлати ду сол

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Боло бо назардошти сохтмони эстакадаи сесатҳа қарор ба имзо расонид.

Эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе бунёд мегардад.

Иншооти мазкур аз се сатҳ иборат буда, дар буриши кӯчаҳои хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино ҷойгир аст.

Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар, ки бо ин қитъаи роҳ ҳаракат мекарданд, бо кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат таъмин карда мешавад.

Масалан автобуси №8, ки бо хатсайри Зарафшон – фурудгоҳ равуо мекунад, бо роҳи маҳаллаи Калинин ҳаракат карда, дар мавзеи боғи ҳайвонот ба хиёбони Исмоили Сомонӣ мебарояд.

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2018 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба мавзеи корпусҳои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар майдони фарогири амалисозии лоиҳа тақрибан 3 ҳазор бех дарахтон решакан шуда, чанде аз нуқтаҳои фурӯши хурд аз байн бурда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи ба ин монанд охири моҳи июли соли 2016 аз ҷониби ширкати чинии Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd дар маҳаллаи 82-уми пойтахт оғоз гардид.

Ширкати зикршуда дар тендер оид ба интихоби паймонкор ғолиб омада, пешниҳод кард, ки корҳои сохтмонро қариб ба маблағи 25 млн. доллар анҷом медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти макур тобистони соли 2018 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳа дар маҳаллаи 82-юм Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба Тоҷикистон ба сифати қарз – 35 млн. доллар ва кумаки техникӣ – 3 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...