Тоҷикистон ба арзёбии низоми муқовимат бо маблағгузории терроризм омода аст

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар ва ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи […]

Asia-Plus

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар ва ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ ба шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон муҳокима гардиданд.

Гуфта мешавад, муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ иштирокдоронро бо натиҷаҳои фаъолияти анҷомдода дар мавриди омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн аз наздик ошно сохта, барои самаранок ба итмом расидани ин марҳилаи барои кишвар муҳим маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Дар баробари ин, аз ҷониби муовини директори Департаменти мониторинги молиявӣ Закирова Т.М. оид ба омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳӣ маълумот пешниҳод гашта, раванди ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ қайд гардид.

«Дар рафти ҷаласа аъзоёни Комиссия оид ба як қатор масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ибрози назар намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин марҳилаи муҳим изҳор доштанд.

Қобили қайд аст, ки ноил гаштан ба натиҷаҳои мусбат дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани баҳодиҳии тарафайн вазифаи ҳар як сохтори давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Зикр мегардад, ки дар доираи ҷаласаи Комиссия инчунин, як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти амалии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/ММПСҚО, аз ҷумла, мавриди мувофиқа қарор додани лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои кишвар, муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ бо мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.