Дар гузориши фасоди молӣ Тоҷикистон 10 зина поин рафт

Радиои Озодӣ

Созмони байналмилалии Шаффофияти байналмилалӣ ё Transparensy International дар гузориши солонаи худ оид ба фасоди молӣ, Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё, дар рутбаи 161-ум қарор додааст.

Бино ба маълумоти РадиоиОзодӣ дар гузориши соли гузата ин созмон дар байни 176 кишвар Тоҷикстон дар зинаи дар 151-ум қарор дошт.

Бар пояи ин гузориш фасодзадатарин кишвар кишвар Сомалия ва шаффофтарин Зеландияи Нав ҳаст. Дар шохиси имсолаи Созмони Шаффофияти байналмилалӣ, Узбакистон дар радифи 157, Туркманистон дар ҷои 167, Афғонистон дар мақоми 177 қарор доранд. Сомалия, Судон ва Сурия, Судон дар се мақоми ахир қарор гирифтаанд.

Тибқи арзёбиҳои ин гузориш, тайи соли гузашта дар умум вазъияти фасоди молӣ дар ҷаҳон чандон беҳтар нашудааст. Ин гузориш мегӯяд, ки аксари кишварҳо ё пешравии каме доштанд ё аслан вазъият дар онҳо тағйир накардаст. Беҳтарин минтақа аз лиҳози шаффофият молӣ Аврупои ғарбӣ будааст ва бадтарин Африқои сиёҳ будаанд. Вазъ дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҳолати миёна будааст.

Шаффофияти байналмилалӣ мегӯяд, ки таҳқиқоти ин созмон нишон медиҳад, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони мустақил дар минтақаҳое, ки фасоди молӣ дар онҷо дар сатҳи боло қарор дорад, "ҳар рӯзи зиндагии худро дар хатар қарор медиҳанд."

Бар пояи ин гузориш, кишварҳое, ки дар муқобила бо фаъолиятҳои расонаҳои озод ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, аз ҷиҳати фасоди молӣ дар бадтарин шароит қарор доранд. Дар кишварҳое, ки фасоди молӣ зиёд аст, дар умум тайи ҳар ҳафта як хабарнигор кушта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...