Дар гузориши фасоди молӣ Тоҷикистон 10 зина поин рафт

Созмони байналмилалии Шаффофияти байналмилалӣ ё Transparensy International дар гузориши солонаи худ оид ба фасоди молӣ, Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё, дар рутбаи 161-ум қарор додааст. Бино ба маълумоти РадиоиОзодӣ дар гузориши соли гузата ин созмон дар байни 176 кишвар Тоҷикстон дар зинаи дар 151-ум қарор дошт. Бар пояи ин гузориш фасодзадатарин кишвар кишвар Сомалия […]

Радиои Озодӣ

Созмони байналмилалии Шаффофияти байналмилалӣ ё Transparensy International дар гузориши солонаи худ оид ба фасоди молӣ, Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё, дар рутбаи 161-ум қарор додааст.

Бино ба маълумоти РадиоиОзодӣ дар гузориши соли гузата ин созмон дар байни 176 кишвар Тоҷикстон дар зинаи дар 151-ум қарор дошт.

Бар пояи ин гузориш фасодзадатарин кишвар кишвар Сомалия ва шаффофтарин Зеландияи Нав ҳаст. Дар шохиси имсолаи Созмони Шаффофияти байналмилалӣ, Узбакистон дар радифи 157, Туркманистон дар ҷои 167, Афғонистон дар мақоми 177 қарор доранд. Сомалия, Судон ва Сурия, Судон дар се мақоми ахир қарор гирифтаанд.

Тибқи арзёбиҳои ин гузориш, тайи соли гузашта дар умум вазъияти фасоди молӣ дар ҷаҳон чандон беҳтар нашудааст. Ин гузориш мегӯяд, ки аксари кишварҳо ё пешравии каме доштанд ё аслан вазъият дар онҳо тағйир накардаст. Беҳтарин минтақа аз лиҳози шаффофият молӣ Аврупои ғарбӣ будааст ва бадтарин Африқои сиёҳ будаанд. Вазъ дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҳолати миёна будааст.

Шаффофияти байналмилалӣ мегӯяд, ки таҳқиқоти ин созмон нишон медиҳад, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони мустақил дар минтақаҳое, ки фасоди молӣ дар онҷо дар сатҳи боло қарор дорад, "ҳар рӯзи зиндагии худро дар хатар қарор медиҳанд."

Бар пояи ин гузориш, кишварҳое, ки дар муқобила бо фаъолиятҳои расонаҳои озод ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, аз ҷиҳати фасоди молӣ дар бадтарин шароит қарор доранд. Дар кишварҳое, ки фасоди молӣ зиёд аст, дар умум тайи ҳар ҳафта як хабарнигор кушта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.