Фавти боз як моҳигире, ки ҳадафи тири марзбонон қарор гирифта буд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Қодирхон Усмонхоҷаев, ки сарҳадбонон ба сӯяш тир парронида буданд, дар бемористони Конибодом фавтид.

Сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январ фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев ҳалок шуда, Қодирхон Усмонхоҷаев дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуд. Нисбати сарҳадбонон аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хешону наздикони Усмонхоҷаев ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки баъди ҳодиса аз ҳукумати ноҳия назди онҳо омада, гуфтаанд, ки хомӯш бошанд.

«Онҳо гуфтанд, ки мо ба журналистон чизе нагӯем ва онҳо ба мо кумак карда, хароҷоти бемористонро ба дӯши худ мегиранд. Аммо танҳо аз ҷамоати Кӯлқанд як маротиба 1 ҳазор сомонӣ доданду халос. Ҳукумат ва прокуратура ваъда дода, вале кумак накарданд. Муддати ду моҳи дар бемористон бистарӣ будан, ҳамаи пули муолиҷаро бародараш пардохт кард, ки дар муҳоҷират қарор дорад», – гуфтанд наздикони Усмонхоҷаев.

Маросими ба хок супурдани ҷасади Қодирхон Усмонхоҷаеви 44-сола имрӯз баргузор мешавад. Ҳамсараш Мутриба Охунова ва фарзандонаш дар ҳолати вазнин қарор доранд, зеро ӯ ягона саробон ва ризқрасони хонадон буд.

Қобили зикр аст, ки нисбати ду нафар сарҳадбонони тоҷик, ки рӯзи 7 январ дар Конибодом сӯи моҳигирон тир кушоданд, аз рӯи далели баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...