Фавти боз як моҳигире, ки ҳадафи тири марзбонон қарор гирифта буд

Қодирхон Усмонхоҷаев, ки сарҳадбонон ба сӯяш тир парронида буданд, дар бемористони Конибодом фавтид. Сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январ фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев ҳалок шуда, Қодирхон Усмонхоҷаев дар ҳолати вазнин ба […]

Қодирхон Усмонхоҷаев, ки сарҳадбонон ба сӯяш тир парронида буданд, дар бемористони Конибодом фавтид.

Сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январ фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев ҳалок шуда, Қодирхон Усмонхоҷаев дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуд. Нисбати сарҳадбонон аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хешону наздикони Усмонхоҷаев ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки баъди ҳодиса аз ҳукумати ноҳия назди онҳо омада, гуфтаанд, ки хомӯш бошанд.

«Онҳо гуфтанд, ки мо ба журналистон чизе нагӯем ва онҳо ба мо кумак карда, хароҷоти бемористонро ба дӯши худ мегиранд. Аммо танҳо аз ҷамоати Кӯлқанд як маротиба 1 ҳазор сомонӣ доданду халос. Ҳукумат ва прокуратура ваъда дода, вале кумак накарданд. Муддати ду моҳи дар бемористон бистарӣ будан, ҳамаи пули муолиҷаро бародараш пардохт кард, ки дар муҳоҷират қарор дорад», – гуфтанд наздикони Усмонхоҷаев.

Маросими ба хок супурдани ҷасади Қодирхон Усмонхоҷаеви 44-сола имрӯз баргузор мешавад. Ҳамсараш Мутриба Охунова ва фарзандонаш дар ҳолати вазнин қарор доранд, зеро ӯ ягона саробон ва ризқрасони хонадон буд.

Қобили зикр аст, ки нисбати ду нафар сарҳадбонони тоҷик, ки рӯзи 7 январ дар Конибодом сӯи моҳигирон тир кушоданд, аз рӯи далели баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.