Дар Тюмен 7 фарзанди зани тоҷикро як шабонарӯз бе гармиву хӯрок монданд

Asia-Plus

Рӯзи 19 декабр соати ҳафти бегоҳ кормандони пулиси Тюмен модари серфарзанди ҳомиладор Санат Ф. (ном бо дархости зан иваз шудааст)-ро аз хона берун бурда, 7 фарзанди ӯ – аз 12-сола то 1-сола дар хонае, ки бо оташдон гарм мешуд, танҳо монданд, менависад «URA.RU».

Зан хабар додааст, ки кормандони пулис ваъда додаанд, ки ҳуҷҷатҳояшро санҷида, сипас ба хона бармегардад: «Маро ду нафар бо автомашинаи хизматӣ бурданд. Дар хона телефонамро мондам, то ки дар ҳолати зарурат кӯдакон ба шиносҳо занг зананд».

Зан на субҳу на рӯзона дигар барнагаштааст, аз ин рӯ духтари калонӣ назди шиносҳо рафта, кӯдаконро хӯрок додаву ором кардаанд. Онҳо яке аз падарони фарзандон (онҳо ду нафаранд)-ро даъват намудаанд, ки айни замон бо ин оила зиндагӣ намекунад. Занро танҳо соати 8-и бегоҳ ҷавоб додаанд, менависад нашрия.

Санат изҳор доштааст, ки ӯ беш аз як шабонарӯзро дар бино (бокс) паси сар карда, дошираку печенйе мехӯрдааст. Ин вақт 7 нафар кӯдаконаш дар хона танҳо будаанд. Аз ӯ дархост кардаанд, ки ҷойи будубошашро нагӯяд: гӯё ҳузури ӯ дар муассисаи пулис ба қайд гирифта нашудааст.

Санат муддати зиёда аз 12 сол аст, ки дар Тюмен зиндагӣ мекунад. Дар ин давра ӯ 8 фарзанд таваллуд карда, айни замон дар батнаш тифли 7-моҳа дорад. Ӯ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ва иҷозати зисти муваққатӣ ба муҳлати 3 моҳро бо худ дорад. Имкони қонунӣ кардани будубош вуҷуд надорад. «Ба ман таҳияи ҳуҷҷатҳо барои шаҳрвандии Русияро бо пардохти 70 ҳазор рубл пешниҳод карданд, лекин ман ин миқдор пул надорам», – гуфтааст ӯ.

Имрӯз Санат бекор аст. «Дар ин давраи ҳомиладорӣ ҳеҷ кас ба кор намегирад. Аз ҷойи кори пештара баъзе пулҳои боқимондаро бармегардонанд, шиносҳо кумак мекунанд. Хӯроки кӯдакон таъмин аст, – гуфтааст зан. – Ташкилоти ҷамъиятии модарони серфарзанди Тюмен «Радость» бо сарулибос ва ғизо ёрӣ мерасонад».

Ба гуфтаи Елена Майсюк, раиси Ташкилоти ҷамъиятии модарони серфарзанди Тюмен «Радость», дар Тоҷикистон Санат касе надорад ва ба он ҷо фиристодани ӯ маънои онро дорад, ки ӯ ба зиндагии қашшоқона гирифтор мешавад. «Дарвоқеъ ҳам ӯ дар Тюмен ҳуҷчатҳояшро дуруст карда натавонист, аз давлат ҳеҷ кумаке намегирад, лекин фарзандонашро нигоҳубин мекунад, – мегӯяд Майсюк. – Аз ҷониби кормандони пулис аз хона берун бурдани зан ва танҳо мондани фарзандони ӯ ғайриқонунӣ аст. Агар ҳарорат дар берун 40 дараҷа хунук мебуд, кӯдакон ях мекарданд».

Ҳамаи фарзандони Санат шаҳодатномаи таваллуд доранд. Се нафар ба мактаб рафта, кӯдакони хурдсол дар хонаанд, зеро барои ба кӯдакистон бурдани онҳо, модарашон ҳуҷҷатҳои зарурӣ надорад. Ҳамчунин кӯдакон аз кумаки доимии тиббӣ маҳруманд, зеро барои ба расмият даровардани полисҳои суғуртавӣ асосҳо нестанд. Падарони кӯдакон низ шаҳрвандони Русия нестанд.

Тавре ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони вилояти Тюмен Андрей Степанов хабар додааст, аз вазъи Санат ӯ огоҳ аст: «Мо ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда, дархост намудем, ки модари серфарзандро қабул карда, ҳуқуқҳояшро фаҳмонанд. Ба Фонди суғуртаи тиббӣ низ бо дархости ба расмият даровардани полис барои кӯдакон муроҷиат кардем, то ки ба кӯдакон мудом ёрии тиббӣ расонида шавад. Волидон дар навбати аввал бояд ҳузури кӯдаконашонро қонунӣ кунанд. Айни замон ин зан қонунҳои Русияро риоя намекунад».

Степанов аз эҳтимол дур намедонад, ки бо қарори суд занро метавонанд ҳамроҳи кӯдаконаш аз кишвар хориҷ кунанд: «Мо оиларо аз ҳам ҷудо карда наметавонем».

Дар хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Тюмен ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дода натавониста, хоҳиш кардаанд, ки барои санҷиши далелҳо дархости расмӣ ирсол шавад. Ба дархост ҳанӯз ҷавоб нарасидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...