Барои сарони кишварҳо Юлдуз Усмонова ҳунарнамоӣ мекунад

Дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нахустин сафари сарвари давлати ҳамоякишвар ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март дар назар аст. Дар консерти пешбинишуда ба ин муносибат, ки шоми рӯзи 9 […]

Дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нахустин сафари сарвари давлати ҳамоякишвар ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март дар назар аст.

Дар консерти пешбинишуда ба ин муносибат, ки шоми рӯзи 9 март дар маҷмаии «Кохи Борбад» доир мегардад, ҳунарнамоии овозхонҳои шинохта, мусиқачиён ва дастаҳои рақсии маъруфи ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Ба гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар ин консерт Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Озодбек Назаров шомил шудаанд.

Тавре пешбинӣ мешавад, Тоҷикистонро дар ин консерт ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, сарояндаи опера Рустам Дулоев, сароядагони «Шашмақом» ва дастаҳои рақсӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар консерт ба ҷуз сарони кишшварҳо, аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанба ва аҳли ҷомеа низ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нахустин сафари президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Душанбе моҳи июни соли 2000 дар толори маҷмааи «Кохи Борбад» консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар баргузор шуда буд.

Он замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ду сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов унвонҳои фахрии «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон»-ро тақдим карда буд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар маҷмааи «Кохи Борбад» аз 7 март намоишгоҳи дурӯзаи молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба кор шурӯъ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".