Созиши Душанбеву Тошканд оид ба интиқоли барқ ба Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил хоҳад дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя охири моҳи март ё аввали моҳи апрел оғоз гардида, дар як сол на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Айни замон Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.

Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

«Тоҷикистон интиқоли барқро ба Ӯзбекистон дар ҳама гуна вақт оғоз карда метавонад, вале корҳои барқарор кардани 60 килдометр хати интиқоли барқи пайвасткунандаи минтақаи ҷануби Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматика дар шаҳри Турсунзода то ҳол ба итмом нарасида, корҳо дар ин самт босуръат ҷараён доранд», – қайд кард манбаъ.

Охири моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ дар парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошта буд, ки аз тобистони соли 2018 Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Он замон ӯ қайд карда буд, ки баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.

«Баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон, шимоли кишвар бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин шуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Дар навбати худ, минтақаи ҷануби Ӯзбекистон қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт ва баъдан Ӯзбекистон низ худаш онро таъмин мекунад», – қайд кард вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», – иброз дошт Усмонзода.

Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...