Баррасии масоили идоракунии корпоративӣ дар сохторҳои молиявии Тоҷикистон

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва иштироки намояндагони ширкатҳои “Имкон консалтинг” ва “Legal Consulting Group”, раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои кишвар рӯзи 27 феврал дар мавзӯи «Идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистон: муаммоҳо ва имкониятҳои рушд” конфронси амалӣ гузаронида шуд. Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ […]

Шуъбаи матбуоти БМТ

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва иштироки намояндагони ширкатҳои “Имкон консалтинг” ва “Legal Consulting Group”, раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои кишвар рӯзи 27 феврал дар мавзӯи «Идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистон: муаммоҳо ва имкониятҳои рушд” конфронси амалӣ гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ Раиси БМТ  Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари лоиҳаи IFC дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, менеҷери барномаҳои DFID дар Осиёи Марказӣ Денис Хил ва менеҷери барномаҳои IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Сергей Трипутен оид ба идоракунии корпоративӣ ҳамчун низоми самараноки ҳамкориҳои Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо суханронӣ намуданд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни баромад изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории конфронси амалӣ – баланд бардоштани фаъолияти самараноки Шӯрои нозирон дар бонкҳо ва ҳамкории зичи Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо дар фаъолияти ташкилотҳо буда, баргузории чорабинии мазкур метавонад дар идоракунии самарабахши корпоративии низоми бонкии кишвар мусоидат намояд.

Баъдан, барандаи кори конфронси амалӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар навбати худ оид ба вазъи кунунии идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкдории Тоҷикистон, самтҳои мукаммалгардонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба идоракунии корпоративӣ баромад намуда, таъкид кард:

“Бонки миллии Тоҷикистон дар самти тақвияти институтсионалии қоидаву меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳамкории зичро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Ва дар ояндаи наздик ба қонунгузориҳои бонкӣ, аз ҷумла, дар бахши зиёд намудани уҳдадориҳо ва масъулияти тамоми мақомоти идоракунӣ, низоми назорати дохилӣ ва аудит як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд”.

Дар идомаи конфронси амалӣ, дар доираи барномаи корӣ мутахассисони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ширкати “Имкон консалтинг” ва ширкати “Legal Consulting Group” барои иштирокдорон вобаста ба нақши директорони мустақил дар фаъолияти самараноки Шӯрои нозирон, аҳамияти Кумитаи Шӯрои нозирон, вазифа ва мавқеи котиби корпоративӣ ва имконияти рушди вазифаи зерин дар ташкилотҳои қарзӣ маърӯза намуданд.

Дар рафти машғулиятҳои амалӣ баромади мутахассисон аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлил гардида, иштирокдорон ба саволҳои худ вобаста ба зарурати Шӯрои нозирон дар фаъолияти бонкҳо, самтҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои нозирон, нақши котибони корпоративӣ, вазифаҳо, салоҳият ва масъулияти Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Қобили қайд аст, ки конфронси мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи Барномаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария (SECO) ва Британия Кабир (DFID), баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.