«Намоиши баҳории ҳунармандӣ» дар Маркази исмоилияи Душанбе

Иттилоияи расмӣ

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 3-4 март намоиш-фурӯши навбатии маҳсулоти ҳунармандӣ – «Намоиши баҳории ҳунармандӣ» доир мегардад.

Тавре аз Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хабар доданд,  дар намоиш молу маҳсулоти ҳунармандони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дар гӯшаҳои намоиш лавозимоти ҳунарии дастӣ, сумкаҳо ва капчукҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва ороишҳои аз нуқра ва чарм тайёркардашуда, коллексияи баҳории либосҳои дизайнерии намудҳои миллӣ, маснӯоту бозичаҳои бофташуда ва намадӣ, бо тарзҳо ва тақвимҳои гуногун тайёркардашуда, сафолоти дастӣ, ашёҳои ороишӣ, тӯҳфаҳо ва ғайраҳоро дарёфт кардан мумкин аст.

Дар намоиш шумо натанҳо тӯҳфаҳоро харид карда метавонед, балки имконияти тайёр карданро бо иштирок дар мастер-класс барои кӯдакон ва калонсолон пайдо мекунед. Агар иштиҳо пайдо кардед, ба қисмати қаҳвахона нигаред. Ба шумо шириниҳо, чой, қаҳва, ва маҳсулоти пазандагӣ пешниҳод менамоянд.

Ба намоиши баҳории ҳунармандӣ бо тамоми аҳли оила ва ё ҳамроҳи дӯстон омада метавонед. Дар он ҷо шуморо барномаи мусиқӣ интизор аст. Даромад ба намоишгоҳ ройгон аст. Реҷаи кории намоиш:  3-4 март  аз соати 9.00 то 17.00. Ҷойи гузариш: ш. Душанбе, кучаи И. Сомони 47, бинои маркази Исмоилия.

Чорабинӣ аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон омода гардида, дар доираи лоиҳаи «Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон» (NICE-TAK) гузаронида мешавад, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва саҳми Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби консорсиуми байналхалқӣ амалӣ карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохиланд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалии итолиёии CESVI, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ), Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), Бизнес клуби Бишкек (БКБ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиумро  ташкилоти олмонии SEQUA идора мекунад. 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан бо Фараҳнози Шералӣ – менеҷери идораи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон [email protected] тел: 446206137, 939535771 тамос гиред.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.