Таъмиру навсозии боз як қитъаи роҳи Душанбе

Корҳои беҳбуди зербинои роҳҳои мошингард дар шаҳри Душанбе идома доранд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати сохтмони шаҳрдории Душанбе хабар дод, ояндаи наздик як қитъаи роҳи мошингарди хиёбони Саъдии Шерозӣ – аз кӯчаи  Неъмат Қаробоев то хиёбони Ҷаббор Расулов васеъ карда мешавад. «Таъмиру навсозии қитъаи роҳи мазкур дар доираи иҷрои Нақшаи генералии шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Корҳои беҳбуди зербинои роҳҳои мошингард дар шаҳри Душанбе идома доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати сохтмони шаҳрдории Душанбе хабар дод, ояндаи наздик як қитъаи роҳи мошингарди хиёбони Саъдии Шерозӣ – аз кӯчаи  Неъмат Қаробоев то хиёбони Ҷаббор Расулов васеъ карда мешавад.

«Таъмиру навсозии қитъаи роҳи мазкур дар доираи иҷрои Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ шуда, охири сол ба итмом мерасад. Сокинони манзилҳое, ки бар асари васеъшавии роҳ хонаҳояшон кӯчонида мешавад, бо хоҳиши худашон метавонанд ба ивази он манзили нав ё ҷубронпулӣ гиранд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа аз 26 феврал ҳаракати нақлиёт тавассути чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қатъ шуда, нақлиёти ҷаъиятии бо ин роҳ равуодошта акнун бо роҳҳои ҳамшафати ин мавзеъ ҳаракат мекунад.

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2018 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба мавзеи корпусҳои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки амалисозии лоиҳаи ба ин монанд охири моҳи июли соли 2016 аз ҷониби ширкати чинии Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd дар маҳаллаи 82-уми пойтахт оғоз гардид.

Мувофиқи лоиҳаи сохтмони кӯчаҳои нав дар шаҳр, ки барои аз сарбории зиёди ҳаракати воситаҳои нақлиёт халос кардани роҳҳо нигаронида шудааст, ояндаи наздик роҳи давр зада гузаштани «Дарвозаҳои ғарбии Душанбе – маҳаллаи Чортут» бо масофаи 7,3 километр бунёд мешавад, ки минтақаи ғарби шаҳрро тариқи Боғи миллии Тоҷикистон бо маҳаллаи «Политехникум» пайваст мекунад.

Роҳи дигари нав бо масофаи 1 километр маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахтро бо майдони Ғалаба, мавзеи маъруф миёни аҳолӣ ба истилоҳи «танка» пайваст мекунад.

Боз як роҳи нав байни кӯчаи Соҳилӣ ва кӯчаи Ганҷавӣ аз пули болои дарёи Душанбе дар мавзеи МТН «Шарқи озод» то Кӯли ҷавонон низ сохта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.