«Намоиши баҳории ҳунармандӣ» дар Маркази исмоилияи Душанбе

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 3-4 март намоиш-фурӯши навбатии маҳсулоти ҳунармандӣ – «Намоиши баҳории ҳунармандӣ» доир мегардад. Тавре аз Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хабар доданд,  дар намоиш молу маҳсулоти ҳунармандони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта мешавад. Дар гӯшаҳои намоиш лавозимоти ҳунарии дастӣ, сумкаҳо ва капчукҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва ороишҳои аз нуқра ва […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 3-4 март намоиш-фурӯши навбатии маҳсулоти ҳунармандӣ – «Намоиши баҳории ҳунармандӣ» доир мегардад.

Тавре аз Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хабар доданд,  дар намоиш молу маҳсулоти ҳунармандони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дар гӯшаҳои намоиш лавозимоти ҳунарии дастӣ, сумкаҳо ва капчукҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва ороишҳои аз нуқра ва чарм тайёркардашуда, коллексияи баҳории либосҳои дизайнерии намудҳои миллӣ, маснӯоту бозичаҳои бофташуда ва намадӣ, бо тарзҳо ва тақвимҳои гуногун тайёркардашуда, сафолоти дастӣ, ашёҳои ороишӣ, тӯҳфаҳо ва ғайраҳоро дарёфт кардан мумкин аст.

Дар намоиш шумо натанҳо тӯҳфаҳоро харид карда метавонед, балки имконияти тайёр карданро бо иштирок дар мастер-класс барои кӯдакон ва калонсолон пайдо мекунед. Агар иштиҳо пайдо кардед, ба қисмати қаҳвахона нигаред. Ба шумо шириниҳо, чой, қаҳва, ва маҳсулоти пазандагӣ пешниҳод менамоянд.

Ба намоиши баҳории ҳунармандӣ бо тамоми аҳли оила ва ё ҳамроҳи дӯстон омада метавонед. Дар он ҷо шуморо барномаи мусиқӣ интизор аст. Даромад ба намоишгоҳ ройгон аст. Реҷаи кории намоиш:  3-4 март  аз соати 9.00 то 17.00. Ҷойи гузариш: ш. Душанбе, кучаи И. Сомони 47, бинои маркази Исмоилия.

Чорабинӣ аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон омода гардида, дар доираи лоиҳаи «Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон» (NICE-TAK) гузаронида мешавад, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва саҳми Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби консорсиуми байналхалқӣ амалӣ карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохиланд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалии итолиёии CESVI, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ), Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), Бизнес клуби Бишкек (БКБ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиумро  ташкилоти олмонии SEQUA идора мекунад. 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан бо Фараҳнози Шералӣ – менеҷери идораи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон [email protected] тел: 446206137, 939535771 тамос гиред.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.